07/10/2025
Рӯзе ҷавоне, ки таҳсилро хатм карда буд, бо дил пур аз орзу аз деҳа ба шаҳр рафт. Ӯ мехост зиндагии наве созад, ба мақом расад, сарватманд шавад, то баъдтар барои модараш зиндагии хубе муҳайё кунад.
Солҳо гузашт. Ҷавон дар шаҳри калон соҳиби кор, хона ва зиндагии зоҳирӣ зебое гардид. Аммо бо гузашти вақт, аз модараш кам ёд мекард, зан ва фарзандонаш ҳам ӯро машғул доштанд.
Рӯзе занаш гуфт:
– Чаро модаратро даъват намекунӣ, то биёяд ва дар паҳлӯи мо зиндагӣ кунад?
Ӯ бо нохушнудӣ посух дод:
– Модарам одатҳои деҳотӣ дорад, шарм медорам, ки дӯстон бубинанд.
Модар дар деҳа танҳо монд. Танҳо бо як хоначаи кӯҳна, бо ёди писараш рӯзҳоро мегузаронд. Ҳар шаб ба осмон менигарист ва бо Худо гуфтугӯ мекард:
– Худоё, писарамро ҳифз кун, ҳатто агар маро фаромӯш карда бошад ҳам.
Солҳо гузаштанд...
Як рӯз писар аз кор баргашта буд, ки занаш гуфт:
– Дари хона касе ҳаст, зани пир. Гуфт, ки модари туст.
Писар дилаш ларзид. Ба дар баромад — модараш дар он ҷо меистод: рӯяш зард, либосҳояш чанголуд, вале чашмонаш пур аз меҳр.
Ӯ гуфт:
– Писарам, фақат омадам, то туро бубинам.. Шунидам бемор шудӣ, дилам ором намегирифт.
Писар шарманда шуд, вале аз ифтихор ва худпарастии солҳои гузашта забонаш баста буд. Ба модараш ҷойи нишаст надод, фақат гуфт:
– Бубахш модар, ҳоло вақт надорам...
Модар бо лабханд ҷавоб дод:
– Ман намозамро хондам, дилам ором шуд. Ман равам беҳтар аст...
Ва рафт...
Чанд ҳафта пас, писар аз деҳа хабар гирифт: модараш аз дунё гузаштааст.
Ӯ бо ашк ба деҳа рафт. Дар хоначаи кӯҳнааш рӯи мизи чӯбин мактубе ёфт. Дар он навишта шуда буд:
"Писарам, вақте кӯдак будӣ, шабҳо бедор мешудам, то нафасатро шунавам. Вақте бемор шудӣ, то саҳар бо ашк дар бари ту менишастам. Агар рӯзе маро фаромӯш кунӣ ҳам, ман туро фаромӯш намекунам, зеро ту порае аз ҷони ман ҳастӣ.
Ман барои ту дуо кардаам, то хушбахт бошӣ, на барои он ки дар хотират бимонам, балки то Худо туро аз офатҳои дунё ҳифз кунад."
Писар бар замин нишасту гиря кард... Гиряе, ки солҳо меҳрро дар дилаш зинда кард, вале модар дигар набуд...
👉 Панд:
Модар танҳо як бор дода мешавад. Вақте ҳаст, қадр кун. Дасти модарро бӯс, пешонашро бибӯс, зеро рӯзе хоҳӣ фаҳмид, ки ҳеҷ кас дар ҷаҳон мисли ӯ туро дӯст намедошт.
Модар ғанимат аст!